Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Баъзе муштариён шикоят доранд, ки истифода аз кортҳои бонкии Душанбе -Ситӣ мушкил шудааст. Масъулон исрор меварзанд, ки қаллобон интернетӣ сокинонро фиреб дода, пулҳояшонро медуздиданд, бинобар ин онҳо тадбирҳои иловагӣ андешидаанд.
Дар 6 моҳи ахир дар Тоҷикистон сокинонро барои риоя накардани қонуни танзим наздик ба 7 млн сомонӣ ҷарима бастаанд. Мақомот ин қонунро “миллӣ" меноманду меситоянд. Ба гуфтаи мақомот, қонун ёрӣ кард, ки сатҳи фақр коҳиш ёбад. "Озодӣ" аз мардум пурсид, ки оё ин қонун кор дод ва харҷҳо кам шуданд?
5 ноябр дар Амрико интихоботи президентӣ доир мешавад. Бисёриҳо мехоҳанд донанд, ки президенти ояндаи ИМА чӣ касе хоҳад буд ва чӣ сиёсатеро пеш мегирад. "Озодӣ" аз мардум пурсид, ки ба ин интихобот чӣ гуна менигаранд? Назарашон ба номзадҳо чист? Пирӯзии Ҳаррис ё Трамп чӣ паёмадҳо дошта метавонад?
Як сокини Душанбе баъди норозигияш аз талаби маблағ дар яке аз таълимгоҳҳои шаҳри Душанбе, ки фарзандонаш онҷо таҳсил мекарданд, ба додгоҳ кашида шудааст.
Дар Душанбе баҳси як сокини шаҳр бо мудири як мактаб то ба додгоҳ рафтааст. Волидайни ду наврасе, ки дар литсейи рақами 5 дарс мехонанд, ба додситонӣ шикоят бурдаанд, ки аз онҳо барои таҳсили бачаҳояшон ба додгоҳ кашидааст.
Ҳамлаи бесарнишинҳо ба шаҳри Маскав ва аз кор мондани чанд фурудгоҳ, парвозҳо миёни Душанбе ва пойтахти Русияро ба мушкил рубарӯ кардааст. Мусофирон, ки дар миёнашон муҳоҷирон низ ҳастанд, ду рӯз боз бо таърих аз Душанбе Маскав парвоз мекунанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандон хостааст, ки муваққатан аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд. Сафорат рӯзи 10-уми сентябр хабар дод, ки дар гузаргоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳҳои Русия назорати сахт ҷорӣ шудааст, аз ин рӯ, ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки ҳоло ба Русия наоянд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар кишвар шумори муътодони маводи мухаддир ё нашъамандони зан зиёд шудаанд.
Ҳанӯз 20 соли пеш мӯътодӣ як дарди сахти ҷомеаи Тоҷикистон ва аз ҷумла занон буд.
Бино ба омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон дарҳои зиёда аз 4 ҳазор мактаб ба рӯи шогирдон боз аст. Ҳамчунин 163 литсею гимназия фаъолият мекунад. "Озодӣ" ин дафъа назари мардумро оиди таҳсил дар мактабҳои умумӣ ва литсейю гимназияҳо пурсид. Дар мактабҳои умумӣ таҳсил ройгон ва дар хусусӣ пулакӣ аст.
Ширкатҳои сайёҳӣ дар Душанбе хабар доданд, ки сафари мардони тоҷик ба Дубай мушкил шудааст. Дар чанд ҳафтаи ахир Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба мардони тоҷик раводиди сафар ба ин кишварро намедиҳад.
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон мегӯянд, мақомоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, беш аз ду ҳафта аст, ки ба мардони тоҷик раводиди сафар ва ё виза намедиҳад, агарчӣ истисноҳое низ ҳаст. Аммо сабаби ин вазъ маълум нест ва мақомоти Тоҷикистон гуфтанд аз ҷониби Иморот хостанд масъаларо шарҳ диҳанд.
Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон гуфтанд, ду баробар зиёд шудани пардохти қарзи хориҷӣ дар соли оянда барои буҷа душворӣ нахоҳад дошт, "чун пул ҳаст". Коршиносон бовар доранд, якбора зиёд шудани пардохти қарзи хориҷӣ барои аздозсупорандаҳо мушкил хоҳад шуд.
“Вақте занҳои муҳоҷир аз Русия ронда мешаванд ё бо хоҳиши худ бармегарданд, зиёд дар онҷо монан намехоҳанд. Дар Тоҷикистон маош ва шароити хуб нест, барои ҳамин, маҷбуранд дигарбора роҳи муҳоҷиратро пеш гиранд.”
Дар шаш моҳи аввали имсол зиёда аз 80 ҳазору 500 зан аз муҳоҷирати корӣ баргаштаанд. Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 16 ҳазору 500 нафар зиёд аст. Аммо гуфта намешавад, чӣ шуморе аз онҳо ихроҷ шудаанд ва чӣ қадарашон бо хоҳиши худ бозгаштаанд.
Акнун дар Тоҷикистон танҳо ба афроде иҷозаи амалиёти ҷарроҳии косметологӣ дода мешавад, ки маълумоти олии тиббӣ ва санади Анҷумани косметологҳоро дошта бошад. Анҷуман дар ҳоли таъсисёбӣ аст ва дар назди Вазорати тандурустӣ гуруҳе ташкил шуда, корро нахуст аз санҷиши косметологҳо оғоз карданд.
Дар Тоҷикистон торафт шумораи зиёди сокинон барои зебо шудан худро зери теғи ҷарроҳи пластикӣ мегузоранд. Дар гузашта онҳое, ки маблағи кофӣ доштанд, барои анҷоми чунин амалиёт ба хориҷ мерафтанд. Аммо талаботи рузафзун дар дохил ҳоло теъдоди марказҳои косметилогиро бештар намудааст.
"Шабакаҳои тақсимоти барқ" корхонаи алюминии Тоҷикистон “ТАЛКО”-ро барои напардохтани 37 миллион сомонӣ қарзи нерӯи барқ ба додгоҳ кашидааст.
"Шабакаҳои тақсимоти барқ" корхонаи алюминии Тоҷикистон “ТАЛКО”-ро барои напардохтани 37 миллион сомонӣ қарзи нерӯи барқ ба додгоҳ кашидааст.Дар Додгоҳи олии иқтисодӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "Шабакаҳои тақсимоти барқ" даъво дорад.
Барои гурезаҳои эҳтимолӣ аз Афғонистон ва зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ шаҳраки алоҳида месозанд. Пулашро Бонки Осиёии Рушд медиҳад. Ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон ва дар 50-километрии сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст.
Ёфтҳои бештар