Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Гулракат Мирзоева, модари Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонзадҳои ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар Русия як сол боз аз писараш хабар надорад. Ҳар гоҳ хумори писараш гирад, ба Интернет рӯй меорад, то аксҳои ӯро бинад ва ё дар борааш маълумоте гирад, аммо чизи дилгармкунандае намеёбад.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳомии ҳуқуқ ва ягона зан дар Тоҷикистон, ки 12 сол пеш довталаби курсии президенти Тоҷикистон шуда буд, мегӯяд, занон бештар дар мақомҳое раҳбар таъйин мешаванд, ки чандон таъсиргузор нестанд.
Дар рӯзи 8-уми март, ки дар Тоҷикистон “Рӯзи Модар” таҷлил мешавад, ҳама ҷо васфи бонувонро мекунанду аз бузургии мақоми онҳо мегӯянд.
Агар президент, ё масалан вазири корҳои дохилӣ, ё фарз кардем додситони кулли Тоҷикистон зан мебуд, чӣ мешуд? Ё фақат бояд мардҳо раису вазиру президент бошанд? Медонед, ки имрӯз дар миёни 14 вазир дар кишвар танҳо 2 нафар зан ҳастанд. Чаро? Барномаи "Салом, хоҳар" дар ҳамин бора аст.
Девору аржангҳои шикаста, дару тирезҳои канда ва сарнавишти норӯшани сутунҳои кандакорӣ ва сақфи пур аз нақшу нигор. Дар дили Душанбе ба кандани чойхонаи "Роҳат", яке аз маконҳои таърихӣ ва дидании пойтахт, сар кардаанд.
Дар арафаи Рамазон сарфи назар аз гаронӣ муштариёни тоҷик ба гӯшти ватанӣ бартарӣ медиҳанд
То интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон панҷ рӯз мондааст, вале фазои сиёсии кишвар ором асту баҳси ҷиддии номзадҳо ба назар намерасад. Аксар мусоҳибони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе низ гуфтанд, дар бораи номзадҳо, барномаи онҳо ва рӯзи интихобот маълумот надоранд.
Қочоқбарон барои ворид кардани молу маҳсулот ба Тоҷикистон роҳҳои навро пеш гирифтаанд. Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук Тоҷикистон, рӯзи 12-уми феврал дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш гуфт, ахиран шеваи қочоқи маводи мухаддирро ошкор карданд, ки бесобиқа мебошад.
Арабистони Саудӣ ба ҳазорон оилаи камбизоат дар Тоҷикистон садҳо тонна ёрии башардӯстона иборат аз орду равған ва лубиёву макарону шакар медиҳад. Арзиши умумии ёриҳо 400 ҳазор доллар аст.
Гузориши зер аз барномаи Салом, хоҳар аст ва ёдрас мекунем, ки сӯҳбатҳои бисёр маҳрамона дорад ва мумкин аст, барои баъзеҳо нохушоянд бошад.
Дар ин барномаи Салом хоҳар ба моҷарои ҷуфте дар масъалаи бакорат рӯ меорем. Баҳси ба истилоҳ “нодухтарии” як бону, ки то додгоҳ кашида шуда, баъди муҳокимаҳои батакрор ба фоидаи зан анҷом ёфт. Чаро ба ин мавзӯи барои ҷомеаи Тоҷикистон ҳассос рӯ овардем?
Оҷонси мубориза бо фасод бо арзёбии Шаффофияти Байнулмилал ё Transparency International, ки дар радабандии охири худ аз миёни 180 кишвар Тоҷикистонро дар зинаи 164-ум қарор дод, розӣ набудааст.
Соҳибкорон дигар моил набудаанд, ки аз Тоҷикистон ба Узбекистон ва Афғонистон сементу ангишт баранд. Мақомот мегӯянд, Узбекистон аз семент ва Афғонистон аз ангишт боҷи калони гумрукӣ меситонанд.
"Шароит бениҳоят бад аст. Хонаро қабул накардаанд. Бино нимкора. Мо дар дохилаш зиндагӣ дорем. Пули барқ ва хадамоти коммуналиро медиҳем, вале дар ягон ҷо сабтином нашудаем. Ҳуҷҷат надорем."
Дар тарҳи нави Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ банди махсус ҷойгир кардаанд.
Вазири кору муҳоҷирати Тоҷикистон аз гуфтани шумораи дақиқи муҳоҷироне, ки дар як соли охир аз Русия баргаштаанд ё ба он ҷо рафтаанд, худдорӣ кард. Далел ин буд, ки ба қавли вазир, ин шумораҳо аз нигоҳи Русия ва Тоҷикистон духелаанд. Аммо гуфта шуд, ки шумораи муҳоҷирони бозгашта афзоиш ёфтааст.
Баҳси биноҳои истиқоматии нотамом, ки дар он муштариҳо ҷой гирифтаанд, яке аз мавзӯъҳои доғи нишасти хабарии Кумитаи сохтмону меъмории Тоҷикистон гардид. Нотамом мондани сохтмони лифти баландошёнаҳо, даромадгоҳҳои ноободу шикаста, танҳо чанд мушкили аксар хонаҳои навсохт будааст.
Мақомот дар Тоҷикистон наздик омадани мӯҳлати имзои созишномаи марзӣ бо Қирғизистонро тасдиқ мекунанд, вале, ба фарқ аз ҳамтоёнашон дар кишвари ҳамсоя, аз додани ҷузъиёт ҳамоно худдорӣ меварзанд.
Наздикони зиндониёни кушташуда дар маҳбаси Ваҳдат мегӯянд, ҷузъиёти ошӯб ва ҳалокати онҳоро намедонанд. Мақомот ҳам ҷасадҳоро бо дасти худ ба хок супурдаанд.
Ёфтҳои бештар