Аз соли 2017 корманди Радиои Озодӣ дар Душанбе аст.
Дар як суҳбати сарироҳӣ дар рӯзи интихоботи президентӣ ва баъди он раҳгузарон дар Душанбе гуфтанд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон бояд солҳои оянда чӣ кор кунад. Яке аз ҷойи кор гуфт, дигарӣ аз маҳви коррупсия ва беҳтар кардани вазъи иқтисод.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар рӯзи интихобот аз чанд раҳгузар пурсиданд, ки оё ба интихобот мераванд, раъй доданд, ё надоданд. Номзадҳоро мешиносанд, бо барномаҳояшон ошно ҳастанд, ё не. Иддае гуфтанд, мераванд, иддае посух надоданд. Ҷавобҳои ҷолиби онҳоро худатон бубинед.
Агар ман президент шавам, ба донишу фарҳангу субот аҳамият медиҳам, саноатро мебардорам, ҳеҷ касро пеш аз артиш ба донишгоҳ роҳ намедиҳам. Чанд посухест, ки хабарнигори Радиои Озодӣ ба суоли "Агар президент шавед, чӣ кор мекунед" гирифт. Шумо чӣ кор мекунед? Видеоро бубинеду дар зераш бинависед.
"Дилаш ба мардум сӯзад, одил бошад ва халқро дарк кунад." Ин тасвири президенте аст, ки чанде аз раҳгузарон дар Душанбе гуфтанд, мехоҳанд дар сари қудрат бубинанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар дар Душанбе пурсид, ки оё медонанд, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон кай аст ва дар он кадом номзадҳо ба мақоми президент ширкат мекунанд. Посухҳои ҷолиби онҳоро худатон бубинед.
Бо афзоиши хатари сирояти коронавируси нав дар мактабҳо дар фасли тирамоҳ, хабарнигори Радиои Озодӣ аз раҳгузарон дар Душанбе пурси
Теъдоде аз раҳгузарон дар Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, тазоҳурот дар Белорус аз он сабаб аст, ки Александр Лукашенко бинобар 26 соли ҳукумат дар назари онҳо “шум” шудааст. Баъзе гуфтанд, тазоҳурот кори “душманони дохиливу хориҷист.” Суҳбатҳоро бубинед ва назари худро бинависед.
Ба муносибати 100-умин солгарди “Инқилоби Бухоро” ё аз байн бурдани Аморати Бухоро, Радиои Озодӣ аз чанд нафар пурсид, ки дар воқеъ сад сол пеш дар ин қаламрав “инқилоб” буд, ё ишғол. Ҷавобҳои аҷибе ҳам гирифтем ва агар набинед, пушаймон мешавед. Шумо ҳам назаратонро ногуфта аз вебсайти мо наравед.
Афзудани муноқишаву кордкашӣ дар байни наврасону муҳассилони мактабҳо дар Душанбе мояи нигаронии мақомот ва ҷомеа шудааст. Дар камтар аз як сол дар шаҳр чанд наврасу навҷавони 18-сола кушта шуданд. Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар пурсид, ки сабаби ҷангҳои гурӯҳӣ дар байни ҷавонон чист.
Афзудани муноқишаву кордкашӣ дар байни наврасону муҳассилони мактабҳо дар Душанбе мояи нигаронии мақомот ва ҷомеа шудааст. Дар камтар аз як соли ахир дар шаҳр чанд наврасу навҷавони 18-сола кушта шуданд.
Як зани 34-сола дар Тоҷикистон мегӯяд, муроҷиатҳои батакрораш барои гирифтани сарпаноҳе дар пойтхат дастикам ҳафт сол боз беҷавоб мондааст.
Як сокини шаҳри Турсунзода даъво дорад, ки яке аз наздикони шавҳари собиқаш ба номуси духтари чаҳорсолаи ӯ таҷовуз кардааст ва аз додситонӣ мехоҳад, қазияро ҷиддӣ таҳқиқ намояд.
Пайвандони як зани фавтида дар ноҳияи Файзобод мегӯянд, барои фаҳмидани сабаби аслии марги ӯ омода ҳастанд, ҷасадро аз қабр берун оранд. Аммо пеш аз он мехоҳанд, додситонӣ барои ташхиси хуни ӯ дар озмоишгоҳе дар Русия ҳарчи зуд дархост фиристад.
Як зан дар Душанбе, ки аз никоҳи, ба гуфтаи ӯ, маҷбурии марди 46-сола бо духтари 12-солааш ба ваҳшат афтодаву мақомоти ҳифзи ҳуқуқро хабардор кард, "пас аз таҳдидҳои ӯ" бо тарс суҳбат мекунад.
“Орзуву мақсаде надорам. То ҳол бе мақсаду орзу зиндагӣ кардам, шуд, баъдаш ҳам мешавад.” Ин посухи як ҷавоне ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ буд, ки рӯзи 12-уми август аз чанд ҷавони раҳгузар дар Душанбе пурсид, бузургтарин мақсадашон чист?
Даҳҳо шаҳрванди Русия рӯзи 12-уми август дар назди сафорати ин кишвар дар Душанбе ҷамъ шуда, аз мақомот талаб карданд, ки барои баргаштани онҳо ба кишвар шароит фароҳам биоранд.
Интихоботи президентӣ дар Беларус аз камтарин маъракаҳои сиёсии солҳои охир буд, ки дар Тоҷикистон ҳам ба он таваҷҷуҳ карданд.
Ёфтҳои бештар