Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Даҳҳо мусофири бандмонда дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 26-уми май аз мақомот талаб карданд, ки мушкили онҳоро ҳал кунанд. Мусофирон мегӯянд, аз ширкати "Северний ветер" билет харидаанд, аммо як ҳафта боз наметавонанд, ба Русия бираванд.
Даҳҳо мусофири бандмонда дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 26-уми май аз мақомот талаб карданд, ки мушкили онҳоро ҳал кунанд. Мусофирон мегӯянд, барои сафар ба Русия аз ширкати “Северний ветер” билет харидаанд, аммо як ҳафта боз наметавонанд бираванд.
Мақомоти шаҳри Душанбе тай як ҳафтаи охир даҳҳо мавҷгир ва ё антенаи параболии сокинонро аз боми биноҳҳои истиқомтияшон дар хиёбони Рӯдакии пойтахт барчидаанд.
Лоиқ Шералӣ 80 сол пеш дар Мазори Шариф ба дунё омад, 21 сол қабл дар Душанбе даргузашт ва ҳоло дар оромгоҳи Лучоб орамидааст. Мухолифон дар ашъори ӯ танқиди низомро меҷӯянд, корафтодагон – фарёдрасро, ошиқон – изҳори муҳаббат ва муҳоҷирон – ғами ғурбатро.
Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия, рӯзи 19-уми май дар Душанбе вазъи муҳоҷирон, таъмини амният дар марз бо Афғонистон ва низои ахир дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд. Тафсилотро дар видео бинед.
Солҳост, ки барои ёрӣ ба мардуми нодор ва ё осебдида дар Тоҷикистон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ё блогерону шахсони алоҳида пул ҷамъ меоранд. Вале ин дафъа мақомот нагузоштанд, ки шахсони алоҳида зимоми расондани кумакро ба мардуми осебдида дар ҷанҷоли марзӣ бо Қирғизистон ба уҳда бигиранд.
Пӯшондани тоқии тоҷикӣ ба ҳар бозигар. Дастаи "Олой"-и Уш, барандаи Ҷоми Қирғизистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе чунин пешвоз гирифтанд. Ин даста барои иштирок дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё), ки рӯзи 14-уми май оғоз мешавад, ба Тоҷикистон омад.
Дар Тоҷикистону берун аз он ҷамъоварии кумак ба оилаҳое, ки ҳангоми ҷанҷоли марзӣ бо Қирғизистон хонаву дари худро аз даст доданд ва ё нимавайрона ёфтанд, оғоз шудааст.
Як сокини шаҳри Турсунзода иддао дорад, додрасе аз ӯ хостааст, ки гуноҳро ба дӯш бигирад, аз ҷавобгарӣ озод карда хоҳад шуд. Нарзулло Каримов ба бадрафторӣ нисбат ба як зани ҳамдеҳааш муттаҳам аст.
Сокинони маҳаллаи Ҳуснободи шаҳри Душанбе мегӯянд, пас аз се моҳи тахриби чанд манзил дар ин маҳалла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дигарбора ба вайрон кардани манзилҳояшон шурӯъ намудаанд.
Раҳмон Набиев, аввалин президенти аз ҷониби мардум интихобшудаи Тоҷикистон, рӯзи 11-уми апрели соли 1993 дар хонааш вафот кард. Даргузашти ӯро мармуз ва суолбарангез меноманд.
Моҳи январ дар Тоҷикистон қонуни нави хизмати ҳарбӣ қабул шуд, ки минбаъд даъват ба артиш бар асоси он сурат мегирад.
Бархе аз омӯзгорони шаҳри Душанбе, ки ҳафтаи гузашта ваксинаи зидди бемории COVID-19 гирифтаанд, мегӯянд, баъди дарёфти он, як муддат ҳарорати баданашон баланд шуд.
Пайвандони як сокини шаҳри Ваҳдат, ки баъд аз чанд соати боздошт аз сӯйи маъмурони милиса ҷон бохтааст, мегӯянд, ба хулосаи мақомот дар бораи шеваи фавти ӯ бовар надоранд.
Як муҳоҷири ҷавон аз Тоҷикистон дар Русия, дар соатҳои фориғ аз кори сохтмон, машғули барномасозӣ аст. Ӯ то ин дам шабакаеро сохтааст, ки ҳар шахс метавонад, дар он озодона изҳори назар кунад, аксу видео гузорад ва ё баҳс биорояд.
"Моро ба маҷлис даъват карданд. Гуфтанд, ки намояндагони порлумону вазоратҳои мудофиа ва адлия омада, муҳтавои қонуни навро "Дар бораи хидмати ҳарбӣ" мефаҳмонанд, аммо аз толор ба мошинҳо савор карда, ба комиссариати ҳарбӣ бурданд."
Се сол ба ин тараф мактаб-интернатҳои Тоҷикистон кӯдакони зиндаятимро қабул намекунанд. Дар ин байн як модари серфарзанд аз Ҳисор мегӯяд, ба танҳоӣ ва бидуни ёрии давлат аз уҳдаи тарбияи фарзандон намебарояд.
Ёфтҳои бештар