Нигора ду сол пеш мактаберо дар Душанбе пеш аз вақт тарк кард ва ӯро ба шавҳар доданд. Он вақт 17-сола буд. Ҳоло ӯ 19 сол дорад ва аллакай аз шавҳараш ҷудо шуда, ду дафъа кӯдаки батнашро аз даст додааст.
Сарнавишти монанд ба Нигора дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёр аст. Бо вуҷуди қонунҳои танзимкунандаи синну соли издивоҷ ва масъулиятҳое аз ҷониби хонаводаҳо, даҳҳо духтарони соддаву қурбонии амру фармонҳои калонсолон дар синни ҷавон аз таҳсилу кор, рушду пешрафт дар канор мемонанд.
Дар Тоҷикистон расман арӯсии духтарҳо аз 18-солагӣ иҷоза дода шудааст. Вале моддаи 13-и Кодекси оила бо қарори додгоҳ ба таври истисноӣ издивоҷи духтарҳоро дар 17-солагӣ ҳам иҷоза медиҳанд. Айни чунин истисноҳо дар қонунгузории кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон – Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қазоқистон ҳам вуҷуд дорад. Он ҷо ҳатто аз 16-солагӣ ҳам дар сурати ҳомиладор ваё соҳиби фарзанд шудани ҷуфти ҷавонҳо ақди никоҳ иҷоза дода мешавад. Барои бархе ин истисноҳо роҳро ба издивоҷҳои маҷбурӣ боз мекунад.
Нигораи ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ нақл кард, ки барвақт модарашро аз даст дода буд ва ҳамин ки 17-сола гардиду синфи 10-и мактабро хатм кард, ӯро ба Комил ном муҳоҷири корӣ ба занӣ доданд. “Аз ман чизе напурсиданд, - мегӯяд Нигора. – Ҳатто ҷашни арӯсӣ ҳам барпо накарданд, фақат як никоҳ буд бо иштироки чанд меҳмон, тамом”. Ӯ мегӯяд, дар хонаи шавҳар зиндагӣ фақат аз кори беохир иборат буд.
“Аз саҳар ҳавлӣ мерӯфтам, гов медӯшидам, нону хӯрок мепухтам. Ҷомашӯӣ, дегутабоқшӯӣ, боз хӯрокпазӣ... Ҳар рӯз ҳолам ҳамин буд. Як лаҳза истиироҳат надоштам. Вақте ҳомиладор шудам, ҳамсарам ба Русия рафт. Як дафъа хоҳарарӯсам хост ба ман ёрӣ кунад, модарарӯсам ҳамон замон гуфт, “келин дар хона барои чӣ даркор аст?” Нигора мегӯяд, чунон хаставу бемадор буд, ки дар фурсати хеле кӯтоҳ кӯдаки батнаш афтод. Ин замоне буд, ки шавҳараш баъди арӯсӣ ба Русия ба кор рафта буд. Баъди чанд моҳ барташт ва Нигора бори дуюм ҳомиладор шуд, вале дере нагузашта боз кӯдакаш афтод. Мегӯяд, хешовандони шавҳараш ӯро гунаҳгор карданд, ки “таваллуд карда наметавонад” ва ба талоқ пойфишорӣ карданд. Комил ҳам се бор калимаи талоқро ба забон оварду Нигора ба хонаи падар баргашт. Хонае, ки ӯро он ҷо касе интизор набуд.
Асел аз Қирғизистон
Духтари 17-сола аз ноҳияи Ҷалолободи Қирғизистон, ки хост ӯро Асел муаррифӣ кунем, як сол пеш, хонандаи синфи 9-и мактаби миёна буд, ки ӯро марде маҷбуран ба издивоҷаш даровард. Ӯ мегӯяд, Илшод аз ӯ нӯҳ сол бузургтар аст ва ба ӯ гоҳо занг мезаду дурудароз сӯҳбат мекард. “Як рӯз ман барои харид ба кӯча баромадам, ки бо мошинаш омаду ҳамроҳ бо дӯстонаш бо баҳонаи ин ки маро ба фурӯшгоҳ мебарад, ба хонаашон бурд. Он ҷо хешовандонаш интизор буданд ва онҳо гуфтанд, ки ман арӯси ин хонавода шудам”. Асел мегӯяд, волидонаш ҳам ҳеҷ муқовимате накарданд ва аз рӯи расми қадимии арӯсрабоӣ ӯро бо Илшод хонадор карданд. Азбаски духтар ноболиғ буд, бо хондаи хутбаи никоҳ маҳдуд шуданд.
Асел мегӯяд, тамоми орзуҳояш барбод рафт. Фарзанди нахустинаш пеш аз мӯҳлат чашм ба дунё кушод ва ҳоло ӯ ва ҳамсари бекораш дар хонаи волидони шавҳар ба сар мебаранд.
Дар Қирғизистон барои издивоҷи маҷбурии духтар то 10 соли ҳабс пешбинӣ мешавад, вале қонун дар сурате ба кор медарояд, ки ҷабрдида шикоят кунад. Бисёр вақт оилаи духтари дуздидашуда ба вазъият тан медиҳаду аз паи ҳақталошӣ ва наҷоти духтар аз хонаи шавҳари маҷбурӣ намешаванд, чун аз интиқоди ҷомеа андеша мекунад.
Моҳи маи соли 2025 дар Қазоқистон барои издивоҷи маҷбурӣ ваё дуздии арӯс ҷазо сахттар шуд ва то 7 соли ҳабс таъин гардид. Дар давоми се соли гузашта ба сохторҳои ҳифзи қонуни Қазоқистон 214 аризаи шикоятӣ аз дуздии арӯсон ворид шудааст.
Издивоҷи барвақтӣ = арӯсии кӯдакон
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, истилоҳи издивоҷи барвақтӣ дар асл баробар бо мафҳуми издивоҷи кӯдакон мебошад. Издивоҷи маҷбурӣ онест, ки яке аз ҳамсарон ваё ҳарду бо ин ақди никоҳ розӣ нестанд.
Ба ҳисобҳои созмони Equality Now, дар Қирғизистон 13% издивоҷҳо пеш аз 18-солагӣ баста шудаанд. Дар Тоҷикистон – 9%, дар Узбекистон – 3,4%.
Даряна Грязнова
Даряна Грязнова, мушовири масоили ҳуқуқии ин созмон мегӯяд, истисноҳо барои издивоҷҳои барвақтӣ, ки дар қонунгузории Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон вуҷуд доранд, дар асл бо меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва машваратҳои Кумитаи барҳам додани табъйиз нисбати занон дар ихтилоф ҳастанд.
Диана Исмоилова, муҳаққиқи масоили баробарии ҷинсиятӣ дар Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, солҳои 2017-2018 дар додгоҳҳои Тоҷикистон 500 қарори иҷозадиҳандаи издивоҷи пеш аз мӯҳлат содир шудааст ва дар 82% далелаш вазъи бади молии оилаи духтар номида шудааст. Дар 45% ҳолатҳо “ишқи ду ҷавон” сабаби иҷозаи додгоҳ номбар шудааст.
Лариса Александрова, ҳуқуқшинос ва як фаъоли ҳуқуқи инсон аз Тоҷикистон мегӯяд, ҳамоно бисёр ҳодисаҳои издивоҷҳои барвақтӣ сабтношуда, танҳо дар пояи никоҳ сурат мегиранд, дар ҳоле, ки никоҳ қувваи қонунӣ надорад ва ҳамин таҷриба роҳро ба бисёрзанӣ боз мекунад.
Лариса Александрова
Эҳтиёҷ ва мушкилоти иқтисодӣ дар асл сабаби аслии аксар издивоҷҳои пеш аз мӯҳлат мебошанд ва чунин қарорро одатан гурӯҳи калонсолон – волидон, бобову бибиҳо ва холаву аммаҳо қабул мекунанд.
Дигар сабабаш гӯё мавриди таънаи ҷомеа мондани духтар дар сурати то 20-солагӣ оиладор нашудани ӯ мебошад, гуфт ҳуқуқшинос. Дар чунин ҳолатҳо, калонсолон мавзӯи таҳсилу дипломгирии духтар, ба зиндагии оилавӣ ва таваллуди фарзанд ноомода будани ӯ ваё дар сурати талоқ дастнигар ва бе ёрии молӣ мондани ӯро касе гӯё ба инобат намегирад.
Издивоҷи барвақтӣ - хатар ба саломатӣ, равон ва ояндаи духтар
Табибон мегӯянд, нодида гирифтани синну соли духтар барои издивоҷи пеш аз мӯҳлат паёмадҳои хеле ҷиддии сиҳҳатӣ ва равонӣ дошта метавонад. Таҳмина Саидова духтури занона ва раиси бунёди ҷамъиятии “Сиҳҳатии ҷомеа ва ҳуқуқи инсон” дар Душанбе аст.
Ӯ мегӯяд, робитаи миёни мушкилоти издивоҷи барвақтӣ, ҳомиладорӣ, паёмадҳои сангини ҳомиладорӣ як мушкили ҷиддие аст, ки табибонро нигарон кардааст. Ӯ мегӯяд, духтароне, ки 15 то 19-сола ҳастанд, дар муқоиса бо онҳое, ки аз 20-сола калонтаранд, дар сурати ҳомиладоршавӣ бо хатари ба маротиб бештари марг ба ҳангоми таваллуди кӯдак рӯбарӯ ҳастанд.
Таҳмина Саидова
“Ҷисми ноболиғ барои таваллуд кардан омода нест: масалан, устухонҳояш ҳанӯз пурра рушд накардаанд ва дар ин ҳолат таваллуди кӯдак метавонад бо осеби ҷисмонӣ ҳам барои тифл ва ҳам барои модар анҷомад”, гуфт Саидова. Дар натиҷа, модари ҷавон аз зиндагии маъмулӣ ва солим маҳрум мешавад.
Ӯ афзуд, таъсири асафбортаринро издивоҷҳои барвақтӣ ба равони духтарон мерасонанд, чунки дар бисёр ҳолатҳо бо хушунат, маҳдудият, набуди дастрасӣ ба таҳсил ба ҳамроҳ аст ва боиси эҷоди осеби баъди таваллуди фарзанд мешавад.
Таҳмина Саидова гуфт, як масъалаи ҷиддии дигар барои духтарони ноболиғ ин аст, ки онҳо дар бораи робитаҳои ҷинсӣ маълумоти кофӣ надоранд, худро ҳифз намекунанд, мешавад, ки аз ҳамсаронашон ба бемориҳои зӯҳравӣ гирифтор мешаванд, вале намедонанд, ки бояд сари вақт ба духтур муроҷиат кунанд.
Мақомот: кор дар самти пешгирӣ аз издивоҷҳои барвақтӣ идома дорад
Суҳайлӣ Қодирӣ, корманди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, дар Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас барои пешгирӣ аз издивоҷҳои барвақтӣ ба роҳ монда шудааст. Ба гуфтаи ин ҳуқуқшинос, аз ҷумла, талош барои барҳам додани синни истисноии 17-солагӣ барои ақди никоҳи духтарон идома дорад. Ӯ гуфт, бисёр сохторҳои давлатӣ бо ин пешниҳод розӣ ҳастанд.
Дар Қирғизистон аз моҳи маи имсол ба таҳияи тарҳи нави Кодекси оилавӣ шурӯъ кардаанд, ки то 18-солагӣ барпо кардани оиларо пурра манъ хоҳад кард.
Даряна Грязнова, мушовири ҳуқуқии созмони Equality now мегӯяд, танҳо тадбирҳои қонунӣ ва ҳуқуқӣ кам аст. Масъала аз ин ҳам амиқтар мебошад, гуфт ӯ. “Таҷрибаи издивоҷҳои барвақтӣ бар пояи табъйизи ҷинсӣ, фақр ва фишори ҷамъиятӣ асос меёбад. Ин масъала на танҳо паҳлӯҳои ҳуқуқӣ, балки фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дорад”. Барои мубориза бо ин падида, ба гуфтааш, бояд риояи қонун ҷиддан талаб шавад, оилаҳои ноболиғон дар бораи хатарҳои издивоҷҳои пеш аз вақт огаҳӣ ёбанд, имкониятҳои иқтисодӣ барои занону духтарон бояд боло бурда шаванд.
“Бо издивоҷҳои барвақтӣ бояд аз вазоратҳо сар карда то шахсони боэътибор дар ҷомеаҳо мубориза баранд. Масалан, тасаввур кунед, ки дар намоишҳои шомгоҳии телевизионӣ қиссаҳои воқеии духтарони бадбахтшуда аз издивоҷҳои барвақтӣ намоиш дода шаванд. Матбуот метавонад тафаккури миллионҳоро дигар кунад”, гуфт ин коршинос.
Нигора, як сокини Душанбе мегӯяд, ҳеҷ як духтар набояд барои барпо кардани оила саросема шавад. “Хонед, орзу кунед. Осемасарона издивоҷ накунед. Танҳо вақте худатон ҳис кардед, ки фурсаташ расидааст, баъд оиладор шавед. Ин зиндагии худи шумо аст, ва пеш аз ҳама худи шумо бояд бо ин розӣ бошед”.
Муаллиф:
Наргис Ҳамробоева, Азаттык Азия