Le Monde: Дар Фаронса як бонкдори бонуфузи узбекро гаравгон гирифтанд

Қаҳрамонҷон Олимовро аз фурудгоҳи Париж рабуда давоми ду рӯз ӯро бо талаби пул гаравгон гирифтанд

Тибқи иттилои рӯзномаи фаронсавии Le Monde, рӯзи 23-юми июн дар маркази шаҳри Париж - пойтахти Фаронса, як шахси сарватманд ва намояндаи доираҳои бонуфузи молии Узбекистон — Каҳрамонҷон Олимови 48-сола рабуда шудааст.

Ӯ пас аз тақрибан ду рӯзи дар асорат буданаш баъди пардохти гаравпулие озод гардид. Мақомоти Фаронса ҳодисаро ҳамчун «гаравгонгирӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил» арзёбӣ намуда, як гумонбарро боздошт ва таҳқиқи ҳодисаро ба роҳ монданд.

Каҳрамонҷон Олимов ягона саҳмдори “Анорбанк”-и Узбекистон аст. “Анорбонк”, ба гуфтаи мақомоти узбек, беш аз 1 миллиард доллар сармоя дар ихтиёр дорад ва яке аз 10 бонки пешсафи кишвар дониста мешавад.

Қаҳрамонҷон Олимов рӯзи 21-уми июн аз фурудгоҳи Тошканд ба Париж парвоз карда буд. Ба навиштаи Le Monde, рабояндагон афроди ношинос буда, Қаҳрамонҷон Олимовро аз фурудгоҳи Париж дар дохили мошине ба як виллаи хусусӣ дар наздикиҳои шаҳри Нитса бурдаанд. Ӯ онҷо зери латукӯби шадид қарор гирифт. Ба гуфтаи табибони бемористони «Отел-Дйё» дар Париж, ӯ ҷароҳатҳои зиёд бардошта бистарӣ гардид.

Ҳанӯз мақомоти Фаронса нагуфтанд, ки Олимов бар ивази чӣ миқдор пул озод гардид ва рабояндагонаш киҳо мебошанд. Аз рӯи ин парванда тафтишот идома дорад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Саида Мирзиёева як ёвари аслии падараш Шавкат Мирзиёев шуд"Нафаси кӯтоҳи озодӣ". Мирзиёев Узбекистонро ба давраи Каримов бармегардонад?Мирзиёева, Алламҷонов, Умаров. Талош барои қудрат дар Узбекистон?