Ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон аз сӯи Русия, бо вокунишҳои гуногун рӯбарӯ шуд. Чин аз ин иқдоми Русия истиқбол кард, Покистон бо он эҳтиёткорона бархӯрд намуд ва аксари кишварҳо то ҳанӯз хомӯширо ихтиёр кардаанд. Нерӯҳои мухолифи Толибон дар берун Афғонистон аз ин иқдоми Маскав шадидан интиқод карданд. Толибон онро "иқдоми ҷасуронаи Маскав" номид.
ИСТИҚБОЛИ ЧИН
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи 4 июл дар нишасти хабарӣ гуфт, "Чин аз пешрафтҳои ахир дар робитаҳо миёни Русия ва ҳукумати Толибон истиқбол мекунад. Чин ба унвони як ҳамсояи дӯст дар ин марҳилаи гузор, ба ин бовар аст, ки Афғонистон набояд аз ҷомеаи ҷаҳон канор гузошта шавад. Чин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар тақвияти робитаҳо ва гуфтугӯ бо ҳукумати муваққати Афғонистон ҳимоят мекунад ва онро ба посухгӯии фаъол ба нигарониҳои байналмилалӣ ташвиқ мекунад ва дар бозсозӣ ва рушди Афғонистон бо он ҳамкорӣ мекунад. Чин ҳамчунин аз муборизаи Афғонистон бо терроризм ҳимоят карда, нақши мусбате дар таъмини сулҳ, субот ва шукуфоии минтақа ифо мекунад".
Шафқат Алӣ Хон, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Покистон зимни як нишасти хабарӣ дар Исломобод гуфт, ки кишвараш ба расмият шинохтани Толибон аз сӯи Русияро мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Покистон, "робитаҳои Русия ва Афғонистон масъалаи байни ду кишвари мустақил аст ва Маскав манфиатҳои амниятии машруъ дорад".
Насир Аҳмад Фоиқ, намояндаи доимии Афғонистон дар СММ.
Дар вокуниш ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон аз сӯи Русия, Насир Аҳмад Фоиқ, намояндаи доимии Афғонистон дар СММ гуфт, ки ба расмият шинохтани ин гурӯҳ аз сӯи кишварҳое, ки дар 20 соли гузашта пуштибонашон буданд, ҷойи тааҷҷуб надорад.
Вай гуфт, "вале пурсиш ин аст, ки оё ин шиносоӣ таъсире бар вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва башарии Афғонистон ва мардуми он, ки бо фақр, бекорӣ ва бесарнавиштӣ рӯбарӯ ҳастанд, хоҳад дошт ё не".
Вай дар идома гуфтааст, "ҷавоб ошкор аст, ки ин ҳаракати сиёсӣ зоҳиран ба нафъи Толибон аст ва баръакс, таъсири бади он ба мардуми Афғонистон ба маротиб бештар ва дарозмуддат хоҳад буд".
Насир Аҳмад Андеша, намояндаи доимии Афғонистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева дар сафҳаи Х навишт, ки ин шиносоӣ метавонад бохт барои ҳар ду тараф бошад.
ИНТИҚОДИ ҶАБҲАҲОИ МУХОЛИФИ ТОЛИБОН
Бархе аз ҷабҳаҳои мусаллаҳи мухолифи ҳукумати Толибон, аз ҷумла, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, Ҷабҳаи озодии Афғонистон, ва низ шахсятҳое чун, Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини президенти Афғонистон, Салоҳиддин Раббонӣ, раиси Ҳизби ҷамъияти исломӣ, Абдурашид Дӯстум, раҳбари Ҷунбиши миллӣ-исломии Афғонистон, Рангин Додфар Спинто, собиқ вазири корҳои хориҷии Афғонистон, Аҳмад Ҷалолӣ, вазири пешини корҳои дохилии Афғонистон ва дигар чеҳраҳо низ ба ин иқдоми Русия вокуниш нишон доданд ва аз он интиқод карданд.
Вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон (аз рост) бо сафири Русия дар Кобул.
Алӣ Майсам Назарӣ, масъули робитаҳои хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, дар сафҳаи худ дар шабкаи Х навишт, ки "машруияти воқеъӣ дар даруни як кишвар ва аз мардуми он сарчашма мегирад. Як ҳукумати воқеӣ машруияти худро аз ризоият ва боварии мардумаш мегирад, на аз таъйиди хориҷиҳо".
Ӯ афзуд, "ҳар гурӯҳе, ки пеш аз касби машруияти дохилӣ, дар пайи ба расмият шинохта шудани байналмилалӣ бошад, шикаст мехӯрад ва дар таърих фаромӯш хоҳад шуд".
НИГАРОНИИ ҲОМИЁНИ ҲУҚУҚИ ИНСОН
Иттиҳоди фаъолони ҳуқуқи башари Афғонистон низ дар эъломияе, ки ба расонаҳо фиристод, эълон кардааст, ки ба расмият шинохтани "гурӯҳи террористии Толибон" аз сӯи Русия, нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ аст.
"Мо аз ин тасмими Русия амиқан нигарон ҳастем. Ин тасмим нақзи ошкори усули ҳуқуқи башар ва арзишҳои ҷаҳонии адолат аст",- омадааст дар эъломияи Иттиҳоди фаъолони ҳуқуқи башар.
Ин ниҳоди ҳуқуқи башар дар эъломияи худ аз Маскав хостааст, ки тасмими худро бозбинӣ кунад. Ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба вижа ниҳодҳои байналмилалии ҳуқуқи башар хостааст, ки дар баробари ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон аз сӯи Русия, хомӯш наистанд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 3 июл эълон кард, ки ҳукумати Толибонро дар Афғонистон ба расмият мешиносад.
Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон дар эъломияе иқдоми Русияро "ҷасурона ва арзишманд" хонд. Ӯ умедворӣ кардааст, ки дигар кишварҳо аз ин иқдоми Русия пайравӣ мекунанд.
Духтарони афғон таҳсил мехоҳанд. Акс аз бойгонӣ.
Дар дохили Афғонистон ҷунбишҳои занони эътирозгар гуфтаанд, ки Русия дар ин тасмими худ, вазъияти воқеии мардуми Афғонистон, ба вижа, маҳдудиятҳои ҷорӣ алайҳи занонро нодида гирифта ва танҳо бар асоси манфиати худ чунин тасмиме гирифтааст.
Дар наздик ба чаҳор соли гузашта, Толибон маҳдудиятҳои густурдаеро бар занон ва духтарон дар заминаи кору таҳсил ҷорӣ кардаанд. Ин амр, яке аз сабабҳои ба расмият нашинохтани ҳукумати онҳо аз сӯи кишварҳо мебошад.
Бо ин ҳол, кишварҳое монанд Чин, Имороти Муттаҳидаи Араб, Эрон, Узбекистон, Туркия ва Покистон барои густариши робита бо Толибон, сафирони худро ба Кобул фиристодаанд.
Ҳамчунин ин кишварҳо намояндагони Толибонро дар сафоратхонаҳои ва консулгариҳои Афғонистон дар кишварҳои худ пазируфта ва робитаҳои тиҷоратӣ бо онҳо барқарор кардаанд.
Гурӯҳи Толибон дар моҳи августи соли 2021 дигарбора қудратро дар Кобул ба даст гирифт. Аз он замон то кунун ҳеҷ яке аз кишварҳои ҷаҳон ҳукумати ин гурӯҳро, ки худро "Иморати исломии Афғонистон меномад", ба расмият нашинохта буд.
Ҳукумати қаблии Толибонро (солҳои 1996-2001), Покистон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба расмият шинохта буданд. Аммо дар пайи ҳамлаи Амрико ва муттаҳидонаш дар тирамоҳи соли 2001, ҳукумати ин гурӯҳ сарнагун шуд.
Ин гурӯҳ тавонист, ки баъд аз бист сол ҷангҳои хунин бо нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ва сарбозони ҳукумати Афғонистон, дар 15 августи соли 2021 боз ба қудрат баргардад.