Гуштигирони тоҷик дар Гран-Прии самбо, ки рӯзи 28-уми июн дар Қасри самбои шаҳри Краснодари Русия доир гардид, чаҳор медал (як нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.
Паҳлавони тоҷик Рамазон Биринҷов дар самбои размӣ байни мардон дар вазни 88 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт. Аммо Рамазон дар даври ниҳоӣ аз Абусупиян Алихонови русиягӣ мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт.
Паҳлавони дигари тоҷик Шокир Мираков дар самбои размӣ байни мардон дар вазни 79 кило медали биринҷӣ гирифт.
Дар самбои варзишӣ байни мардон ду паҳлавони тоҷик – Ҳамроз Раҷабов дар вазни 88 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни 98 кило – барандагони медали биринҷӣ шуданд.
Инчунин дар самбои размӣ дар вазни 64 кило паҳлавони тоҷик Шаҳбози Нозимзода, ки вилояти Новосибирски Русияро намояндагӣ кард, медали биринҷӣ ба даст овард.
Ба иттилои Федератсияи самбои Русия, дар Гран-Прии самбо дар Краснодар зӯртарин варзишгарон аз Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Юнон иштирок доштанд.
Мусобиқот миёни мардон дар риштаҳои самбои варзишӣ ва самбои размӣ аз рӯи 14 дараҷаи вазнҳо сурат гирифт.
Барои медали тилло дар ҳар як вазн 500 000 рубл, барои нишони нуқра 300 000 рубл ва барои нишони биринҷӣ 100 000 рубл супурда шуд.