Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонувони футболбози тоҷик бозиро ба Малайзия бохтанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Тими миллии футболи занонаи Тоҷикистон дар дувумин бозиаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «H» аз дастаи мунтахаби Малайзия бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.

Ин бозии даври дувуми гурӯҳи “Н” шаби 2-юми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид. Тақдири бозиро голи ягонаи дар дақиқаи аввали замони ҷуброншудаи дидор (90+1) ба дарвозаи мизбонон задаи ҳамлагари малайзиягиҳо Ҷустин Ҳенриетта ҳал кард.

Бояд зикр намуд, духтарони футболбози тоҷик дар рақобати дуюми худ муқобили Малайзия нисбат ба бозии аввал бо Кореяи Ҷанубӣ хубтар бозӣ карда, лаҳзаҳои голзанӣ ба вуҷуд оварданд, вале аз онҳо истифода карда натавонистанд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “Н” 2-юми июл дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тими миллии Кореяи Шимолӣ дастаи мунтахаби Фаластинро бо ҳисоби 10:0 шикаст дод.

Ёдовар мешавем, тими миллии Тоҷикистон 29-уми июн дар аввалин бозиаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «H» аз дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:10 шикаст хӯрда буд.

Ба ин тартиб, пас аз натиҷагирии даври дувуми мусобиқот дастаҳои Кореяи Шимолӣ ва Малайзия бо шашимтиёзӣ дар ҷадвали гурӯҳи “Н” мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро касб кардаанд. Ҳарду даста муборизаро барои дарёфти роҳхат ба қисми ниҳоии мусобиқот идома медиҳанд.

Аммо дастаҳои Тоҷикистону Фаластин, ки бидуни имтиёз дар зинаҳои сеюму чаҳорум қарор доранд, сарфи назар аз натиҷаи бозии даври охирин дар гурӯҳи “Н” аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум шуданд.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни тимҳои миллии футболи занона дар гурӯҳи «H» бо иштироки чаҳор даста - Тоҷикистон, Кореяи Шимолӣ, Малайзия ва Фаластин - дар шаҳри Душанбе рӯзи 5-уми июл ба поён мерасад.

Бозиҳои даври сеюми мусобиқот дар гурӯҳи “Н” рӯзи шанбеи 5-уми июл дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, Кореяи Шимолӣ бо Малайзия (соати 19:00) ва Фаластин бо Тоҷикистон (соати 22:00) рақобат мекунанд.

Мубин Эргашев, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон, гуфт, ки ҳайати тими миллӣ аз ҳисоби бозигарони мунтахаби ҷавонони кишвар ташкил шудааст.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар маҷмуъ 34 тими миллии занона ширкат меварзад. Дар натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ҳашт гурӯҳ тақсим шудаанд: ду гурӯҳ аз панҷдастаӣ ва шаш гурӯҳи дигар аз чаҳордастаӣ иборатанд.

Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 ба ғайр аз Тоҷикистон, дар шаш кишвар: Тайланд, Мянмар, Индонезия, Ветнам, Узбекистон ва Камбоҷа ҷараён доранд. Бозиҳо дар гурӯҳи “А” бо ширкати панҷ даста – Эрон, Урдун, Лубнон, Сингапур ва Бутан - аз 7-ум то 19-уми июл дар Урдун доир мешаванд.

Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 1-ум то 26-уми марти соли оянда дар Австралия барпо мегардад, роҳ меёбанд.

Ба ғайр аз дастаи мизбон – Австралия – ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 тимҳои миллии Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон пешакӣ роҳхат гирифтаанд.

Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби миллии занона

Гурӯҳи «Н»

Кореяи Шимолӣ

Малайзия

Фаластин

Тоҷикистон

Даври 1-ум

29-уми июн (якшанбе)

Малайзия – Фаластин – 1:0

Кореяи Шимолӣ – Тоҷикистон – 10:0

Даври 2-юм

2-юми июл (чоршанбе)

Фаластин – Кореяи Шимолӣ – 0:10

Тоҷикистон – Малайзия – 0:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Кореяи Шимолӣ220020-06
2Малайзия22002-06
3Тоҷикистон20020-110
4Фаластин20020-110

Даври 3-юм

5-уми июл (шанбе)

19:00 – Кореяи Шимолӣ - Малайзия

22:00 – Фаластин – Тоҷикистон

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG